
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстии халқҳо”-и минтақаи манзилии №2-и шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид.
Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур шунида шуда, аз ҷониби аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб шуда, вакил ба Конференсияи XV-уми ҲХДТ дар шаҳри Норак пешниҳод гардид.
Инчунин, дар ин раванд бо сокинон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор шуда, масъулин дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.