БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХАЛҚУ ВАТАН ХЗМАТИ АРЗАНДА МЕКУНЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ситора”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ доир гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

  Масъулин   вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози назар карда, гуфтанд, ки ҲХДТ масъулияти олии ватансозиро бар душ дорад ва мо ҳизбиён бояд ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии Ватан беш аз пеш фаъол бошем.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз тараққи карда истоддаст, ки ин  моро водор  месозад бо амалҳои созанда  таҳти сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид шуда, ба халқу Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.

Дар охири маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, вакилон ба Конференсияи навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён пешбарӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg