ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Заркамар”-и Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози назар карда, аз ҷумла гуфтанд, ки ҲХДТ масъулияти олии ватансозиро бар душ дорад ва мо ҳизбиён бояд ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии Ватан беш аз пеш нисбати дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошем.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз пешрафта истодааст. Моро лозим аст, ки дар зери ин сиёсат муттаҳид шуда, ба халқу Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.
Дар охири маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.