![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20191029_095511.jpg?itok=CZe3QLIg)
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси ҷавонони деҳаи Бӯстон 2-и Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар партави эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар маркази деҳот сехи дӯзандагӣ, маҷлисгоҳ, сартарошхона, дорухона ва дигар иншооти хизматрасонӣ барои зарурати сокинон бунёд гардида истодааст.
Зимни боздид намояндагони ҳизбӣ ба корҳои сохтмонӣ ва иқдоми ҷавонони деҳа баҳои баланд дода, онҳоро ба ривоҷ бахшидани чунин корҳои созандагӣ ҳидоят карданд.