
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Бешаи палангон» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд. Дар суҳбат масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки ҳизб, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мулоҳизаронӣ намуданд.
Инчунин, дар ин раванд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ натиҷагирӣ карда шуд. Бо дастгирии сокинон раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб ва вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.