
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тибби Шифо» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Вохӯриро роҳбарияти Кумитаи иҷроия оғоз намуда, чанде аз мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ доданд.
Инчунин, ташкилкунандагони чорабинӣ дар идомаи суҳбат дар бораи яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризму экстремизм, ки ҳадафи аслиашон куштору ваҳшат ва вайрону валангор сохтани давлатҳои ободу пешрафта мебошад суханронӣ карданд. Иброз доштанд, ки моро зарур аст, дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёру зирак буда, бар зидди ҳамагуна зуҳурот ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон барем.