БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ПАЙМОНИ МИЛЛӢ”, САДОЯТ ЛОИҚИ ШУНИДАН НЕСТ!!!

ВОКУНИШ.Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро пешбарон ва аъзои ташкилоти террористию эктремистии ҳизби наҳзати ислом, ва якчанд гурӯҳҳои хурди пайравонашон, ки гӯё “паймони милли”-ро дар хориҷи кишвар таъсис додаанд, ба ҷойгоҳи руйпӯшкунии хиёнат ва ҷиноятҳои худ мехоҳанд қарор диҳанд.

Бо истифода аз чунин минбарҳо ба гӯши созмонҳо ва ҷомеи ҷаҳонӣ лофи дуруғини  худро расонидан мехоҳанд.  Дар ҳамин замина, хостгори сиёҳ намудани фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шохаҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба риоя нагардидани ҳуқуқи инсон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар қатори даҳгонаи Конститусияҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ меҳисобанд, қарор дорад.

Дар сурате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тули 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар минтақа ва сатҳи байналмилӣ мақом ва манзалати хосаро касб намудасту аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, муаллифи  ташаббусҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ ва мизбони чорабиниҳои бонуфӯз мебошад, чӣ гуна метавон аз ҷониби Созмонҳои байналмилалӣ пешниҳоди ифротиёну террористон ва ҷинояткорон ҷонибдорӣ ёбад.

Ба ҳамагон мақсаду ғаразҳои нопоки ин гурӯҳ маълум аст. Ин афрод даст аз хиёнаткориҳои худ бар надошта, кӯшиш менамоянд, ки ғаразҳои нопоки худу манфиатҳои гурӯҳи алоҳида-хоҷагонашонро пиёда намоянд. Яқинан ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид. Зеро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар атрофи сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, якдилона дар пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳмгузоранд. Доимо дар андешаи ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистонӣ масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, рушду инкишоф, садоқат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ қарор дошта, эҳтиёҷ ба андешаҳои пучу ифротии гурӯҳҳои бадхоҳ надоранд.

Поянда бод, Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

Каримзода Пирмухаммад

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg