
Ш.ШОҲИН. Дар ташкилоти ибтидоии «Сино» дар баробари баргузории хониши сиёсӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ доир карда шуд.
Дар маҷлис намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба барои маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода-интихоботи соли 2020 суханронӣ карданд.
Сипас, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, бо дастгирии аъзо раиси ташкилот аз нав интихоб гашта, шахси арзанда ба вакилии конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.