
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил”-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Масъулин дар суҳбат дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии бемории сил, адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон – хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода- интихоботи соли 2020 ва дигар масъалаҳои муҳим ҳарф заданд.
Ҳамзамон дар ин раванд Аксияи ҳизбӣ баргузор гардида, бо дастгирии ташкилоти мазкур ба беморони сил кумаки моддиву молиявӣ расонида шуд.