
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузор намудани маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ, омӯзиши фаъолият ва расонидани кӯмаки методӣ ба масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Алоқачиён»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намояндагони ҳизбӣ бо раванди ҳуҷҷатдорӣ ва дар маҷмуъ фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ шинос гардида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдоштаи корӣ дар асоси оинномаю барнома ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолият маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.