![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20191004_091807.jpg?itok=2DWN3alP)
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Боло бурдани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як узви ҳизб мебошад. Дар ин раванд, ҳалли саривақтии мушкилоти мардум, дар навбати аввал, вазифаи ташкилоти ибтидоӣ мебошад. Дар ин хусус бахшида ба истиқболи 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзҳои созандагиву бунёдкорӣ эълон гардидааст.
Бо ин мақсад, аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб қариб, ки ҳамарӯза ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида мешавад.
Дар баробари ҳамаи ин, аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ, хонишҳои сиёсӣ ва дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» силсила чорабиниҳои гуногуни ободониву созандагӣ баргузор гардида истодааст, ки ин ба баланд бардоштани масъулиятнокии сокинон мусоидат хоҳад намуд.