![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190702_090308.jpg?itok=hcOaz1a2)
Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси умумии ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии деҳаи “Баҳор”-и ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботи раиси ташкилот дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Инчунин, дар идома намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода ва дигар масъалаҳои рӯзмарра андешаҳои хешро баён дошта, ҳамагонро барои татбиқи босамари ҳадафҳои созандаи ҳизб ҳидоят карданд.