
Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии “Арабхона”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Н. Хусрав маҷлиси ҳисоботӣ –интихоботӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси ташкилот дар бораи фаъолияти 2,5 сола ба ҳамагон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Инчунин, дар идома раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, шахси арзанда, ки дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми назаррас дорад, ба вакилии конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.
Дар охири суҳбат аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар баргузори маъракаҳои муҳими сиёсӣ масъулияти баланд дошта, фаъолона саҳмгузорӣ кунем.