ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Роҳсозӣ” гузаронида шуд, иштирокдорон ба худ таассуроти нек бардоштанд.
Дар баромад вазифаҳои ҳар як узви ҳизб дар амри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ, мубориза бо терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, мубориза бо нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, ба таври возеҳ шарҳ дода шуд.
Сипас, чанде дигарон баромад намуда, иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ро вазифаи аввлиндараҷаи худ арзёбӣ намуданд.
Дар асоси талаботи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ роҳи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 ба масофаи 50 метр сангфарш карда шуд.