БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Шафтолубоғ»-и Ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор  мулоқоти навбатии роҳбарияти Кумитаи иҷроия бо аъзои ташкилот баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ масъулони кумита дар бораи  моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, муқовимат бо амалҳои  коррупсионӣ ва  огоҳ намудани аҳолӣ аз хавфу  хатари гурӯҳҳои ифротгаро, ки имрӯзҳо тамоми дунёро ба ташвиш овардаанд,  мубодилаи афкор карда, аз ҳар як иштирокчии  суҳбат даъват ба амал оварданд, ки ҳифзи  марзу буми кишвар, обу хоки муқаддаси Ватан вазифаи мо шаҳрвандон буда, лозим  аст, бар зидди зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм, коррупсия, нашъамандию нашъаҷаллобӣ  муборизаи беамон барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg