
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Лолазор» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба хатарҳои терроризму экстремизм, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, раиси ташкилоти ибтидоии «Лолазор» дар хусуси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ» ва вазифаи аҳли ҷамоатчигӣ оид ба омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ изҳори назар карда, аз падару модарон хоҳиш кард, ки барои тарбияи дурусти фарзадон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ фаъол бошанд.