БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДӮСТИИ ХУДРО БО АМАЛҲОИ СОЗАНДА ИСБОТ МЕКУНЕМ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Сафарбоён”   баргузор гардид.

Сараввал, раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба  истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Инчунин, дар идома маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардида, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ,  интихоби  раис  ва  пешбарии  вакилон  ба  Конференсияи  ҳизбӣ  мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, бо дастгирии аъзои  ташкилоти  ибтидоӣ  ба  масофаи  80 метр  роҳрави  саҳни  муассисаи  таълимӣ таъмири хушсисифат   шуд, ки дар фасли сармо рафтуомади  хонандагонро осон месозад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg