БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО КОРУ АМАЛ ВА ТАШАББУСКОРӢ БОЯД НАМУНА БОШЕМ!

  Қубодиён. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Камароби Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён маҷлиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ  баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва ҷонибдорони  ҳизб иштирок намуданд.

Дар он  рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ–интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ,  интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва  пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.   Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур қайд намуд, ки мо ҳизбиёнро зарур аст интихоботро, чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ба василаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ ва бавуҷудоварандаи якдиливу якмаромии сокинон табдил диҳем. Махсусан, тамоми омилҳои носолим ва ба норозигии мардум мусоидаткунандаро бартараф намуда, бо кору амал ва пешоҳангиву ташаббускории худ мардумро ба сӯи созандагиву ободонӣ сафарбар намоем.

Сипас ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, раис аз нав интихоб карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg