БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ӼАДАФИ МО ӼИЗБИЁН АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Хониши  сиёсии  навбатӣ дар деӽаи Шобикаи Ҷамоати деӽоти Тугараки ноӽияи Восеъ  бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.

Зимнан роҳбарияти  Кумитаи иҷроия дар  суханронии худ қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёми  навбатӣ иброз доштанд, ки масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлатӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқоди динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Инчунин, дар идома дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуда, ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg