ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Рӯзобод”-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилот ва ҷонибдорони ҳизб бо мақсади тарғиби корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла қабули Қонуни авф дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карданд.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро исбот намоем.
Таъкид шуд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар ҷеҳраи ҳар ҳамватан шодию хурсандист. Вазифаи ҳар фарди бонангу ори тоҷик аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намуда, поку бовиҷдона ба насли оянда ба мерос гузорем.
Дар доираи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ вакили арзанда ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуд.