БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДАР МУКАММАЛ ГАШТАНИ ДОНИШИ СИЁСӢ МУСОИДАТ НАМУД

ХУРОСОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон семинар- машварати ҳизбӣ бо иштирок ва суханронии Наимов Маҳмадулло  мудири шуъбаи таблиғот ва  таҳлили  Дастгоҳи  КИМ  ҲХДТ, Шафиев Исмоил  раиси собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва  ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло  ва дигарон баргузор гардид.

Семинар-машварат бо мақсади мукаммал гардонидани дониши сиёсии ҳизбиён ва фаъолони ноҳия баргузор гардида, дар кори он  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва нозирон дар участкаҳои интихоботӣ иштирок доштанд.

Масъулин дар суҳбат дар бораи  омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсиидарпешистодаи  интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва дигар масъалаҳои  муҳими рӯз андешаронӣ  карда, аз ҳар як иштирокчӣ ҷиҳати амалигардонии ғояҳои барномавии ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg