БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ РӮ ОВАРДААНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии “Даштигуло ” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Дар баромади ҳисоботии худ раиси ташкилоти ибтидоӣ  қайд намуд, ки давраи ҳисоботӣ натанҳо барои сокинон,  балки барои шаҳрвандони кишвар  дар ҳақиқат пурбарору фаромӯшнашуданӣ боқӣ хоҳад монд, чунки дар баробари эълон шудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба сохти инфрасохтори ҳар як деҳу маҳал ва кӯча таъсири бузург гузошта, қариб дар ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишини шаҳраку деҳот марказҳои гуногуни хизматрасонӣ  барои истифодаи мардум сохта ба истифода дода шуданд.  

Сипас,дар идома  якдилона раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида,  вакил ба Конференсияи  ноҳиявӣ  пешбарӣ карда шуд.

Дар кори маҷлис роҳбарияти  Кумитаи иҷроия   ҳамагонро  ба корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ  даъват намуд

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg