БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚИШРИ НИЁЗМАНД ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  дар ташкилоти ибтидоии “Уртабуз” – и Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуда,  ба як нафар оилаи ниёзманди ҷомеа бо дастгирии фаъолони ҲХДТ кумаки моддӣ расонида шудё

 “Ашхоси ниёзманду эҳтиёҷманди ҷомеа таҳти ғамхории Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳадафи фаъолияти ҳизб таъмини шоистаи халқ ва некӯаҳволии мардум мебошад” таъкид намуданд масъулин дар суҳбат.

Инчунин, дар идома дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ баррасӣ карда шуда,  ҷамъомадагонро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg