БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“РОҒУН” - ИНШООТИ ҲАЁТАН МУҲИМ

КӮЛОБ. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Баҳри иҷрои нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии «Бойторӣ» маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ ва оид ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ  роҳандозӣ гардид.

Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вобаста ба истифода додани агрегатҳои НБО “Роғун” масъулин ибрози андеша намуда, гуфтанд, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти ҳаётан муҳим барои мардуми сарбаланди тоҷик, ки ду агрегати он ба кор шурӯъ кард, баҳри сарзабзӣ ва пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  мусоидат менамояд.

Дар фарҷом нисбати самтҳои дигари фаъолияти ҲХДТ сухан рафта, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Инчунин, роҳбари ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, вакил ба Конференсияи навбатии шаҳрӣ пешбарӣ шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg