БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Қули Суфиён”- и ҷамоати деҳоти Оқсу  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор намуд.                          

Дар хониши сиёсӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроия атрофи масъалаҳои муҳим, ки ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст, экстремизму терроризм  сухан гуфта,  қайд кард, ки терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст. Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дин, сиёсат, иқтисод, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад таъсири худро расонад . Аз ин рӯ мо шаҳрвандон бояд ҳушдор бошем, ки ягон нохалафе ба ин сарзамине, ки сар то по фазояш пур аз ваҳдату истиқлол аст, ҷавонон ва наврасонаш дар як муҳити озоду беғубор ба воя расида истодааст таъсири худашро нарасонаду барои пешгирӣ аз ҳаргуна падидаҳои номатлуб ҳама аз як гиребон сар бароварда, доим дар ҳифзу ҳимояи ин сарзамин бошем ва пайваста барои пешравӣ ва ободиву зебогии Ватан ҳиссагузор бошем.

Дар идома оид ба баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар Ташкилот ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ масъалагузорӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg