БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРХӮРДҲОИ ЛАФЗИИ МУХОЛИФИН БАЁНГАРИ ЗАЪФИ СИЁСИИ ОНҲОСТ

ВОКУНИШ. Бар асоси маълумоти дақиқ аз ҷараёни ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳисоботи ҳайати гурӯҳи ҳукуматӣ доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи мардумсолори Тоҷикистон гӯё хашми мухолифинро ба бор оварда, даст ба ҳуҷумҳои лафзӣ ва беэҳтиромӣ дар кори ҷаласа  задаанд. Воқеан, эҳсос мегардид, ки бояд ҳамин тавр ҳам мешуд. Зеро мухолифин гӯши фарёдрас ва дипломатияи баланди сиёсӣ надоранд. Чун шахсият иродаи мустаҳками сиёсӣ надошта бошад чӣ гуна  дар кулл  набзи ҷомеа, суҳбату муколаммаро  дарк карда метавонад? Одатан мухолифин худ ҳавасманданд, ки барои хок пошидан ба чашми ҷомеаи башарӣ, бахусус созмонҳои байналхалқӣ бобати муқтадир ва ҷабрдида муаррифӣ сохтани худ аз рӯи принсипҳои душмангароӣ ва якдигарбадбинӣ фаъолият созанд. Ва раванди амалисозии фаъолияти онҳо низ дар доираи асабхарошию туҳматгароӣ манша мегирад. Агар ин тавр набошад, чаро ба иродаи сиёсии  нӯҳ миллион аҳолии Тоҷикистон эҳтиром нагузошта, роҳбарияти сиёсии олии як давлатро таҳқир месозанд? Чун аз миллату забон, фарҳангу ҳуввият сухан мегӯянду дар ҷаласаҳои кории сатҳи ҷаҳонӣ аз суҳбатороӣ бо забони модарии худ ҳарос доранд. Ҷойи эҳтиром гузоштан ба якдигар вожаҳои таҳқиромезу дур аз долонҳои ҷаласаҳои сиёсиро ба кор мебаранд!

Метавон хулоса кард, ки табиати ин гурӯҳи азхудрафтаю фурӯхташуда дар заминаи якдигарбадбинию сиёҳкорӣ болиғ шуда, дигар ислоҳ гардидани онҳо амри маҳол аст. Он баромаду ақидасозии Насрулло Раҳмонов узви Паймони миллӣ дар нохунак, ки худро муддаии истиқлолхоҳию баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа муаррифӣ месозад, бори дигар аз тиннату фитрати пасти инсонии ӯ дарак дод. Ба ҳамин монанд, худбохтаи дигар Шарофиддин Гадоев баъди ин қадар қабулу гусел ва шиносоӣ аз вазъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар бори дигар даст ба дурӯғу буҳтон зад. Бо ақидаи маҷҳулу шахшудае, ки ин асолатбохта дошт, ҳангоми омаданаш ба Тоҷикистон бояд кайҳо зиндонӣ мешуд, вале бузургии сиёсат ва миллат ин буд, ки барои дубора ба Аврупо баргаштанаш касе монеа эҷод накард. Магар подоши ҳама ин некиҳо ҳамин аст, ки ин роҳгумзадаҳои дурӯя ба муқобили роҳбарияти олии сиёсии кишвар бо суханҳои фаҳшу дур аз ҳақиқати ҳол, вожаҳои ғайримиллию  дигар алфози гении аврупоиро раво диданд! Ин ҳама ҳолати рӯйдода бори дигар моро ба андеша кардан водор сохта, ҳамзамон дар як вақт ҳушдор медиҳад, ки тиннати аслии ин рамаи гӯсфандони дар Аврупо бесоҳибмондаро аз наздик шиносем. Инҳо ҳеҷ гоҳ хостгори оромиш ва осоиштагии мардуми Тоҷикистон набуданду нестанд!

Ё дар масъалаи озодии сухан сафсатахонии ин гурӯҳи худфаромӯшсохтаҳо бозии бедоварро мемонад, ки охири кор ба ҷангу заноназӣ мубаддал гаштанаш аз эҳтимол дур нест. Мусаллам аст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ матбуоти озод бояд худ мустақилона фаъолият карда, ба қавле мизоҷ пайдо кунад. Аз фаъолият боз мондани баъзе аз расонаҳои мустақили ватанӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ чӣ рабт дорад! Қоидаи бозори иқтисодӣ ин аст, ки маҳсулоти пастсифату дур аз таъби дили мардум харидори худро надорад. Оё барои аз фаъолият мондани расонаҳои мустақили хабарӣ давлат ва мардуми Тоҷикистон гуноҳе дорад? Мантиқ куҷост «ҳазратону ҷанобон»-и мухолиф!

Дар урфият мегӯянд, ки рақиб  агар ҳеҷ камбудии муқобили худро наёфт, ҳатман иброз медорад, ки думи сагат каҷ аст. Ин мавқеъгирию назаргузории мухолифини давлату паймони ғайримиллии аврупоӣ мисоли болоро равшан месозад.

Воқеан, риоя нагардидани муколаммаи дурусти сиёсӣ дар сатҳи як созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба монанди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмон додани баҳсҳои беҷою бемавқеъ шаффофияти фаъолияти ин созмонро на ин ки дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё зери суол мебарад. Ва-гарна мешавад, ки ҷаласаи як созмони ҷаҳониро ба бозору саҳнаи  кашмакаш табдил дод?

Мусаллам аст, ки  мухолифин ин рӯйдодро ҳамчун падида ва одати роиҷи  демократияи ғарбӣ унвон мекунанд, вале чунин бархурд ба фарҳангу ҳуввияти миллии мо созгор нест!

Чун мухолифин дар ҳалли як масъала муваффақ нашуданд, кӯшиш менамоянд, ки барои худнамоишдиҳӣ ва аз вазъият ворастан дигар масъаларо рӯи кор гиранд. Дахл кардан ба баррасии масъалаи  зиндониёни сиёсӣ давоми мантиқии ҳамон барномарезии номуваффақи мухолифин буд, ки бо далелҳои сохта мехоҳанд  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бархурд бо мухолифин заиф нишон диҳанд. Мутмаинем, ки ин асолатбохтаҳо кореро дар ин масир ба анҷом расонида наметавонанд. Зеро ҳама даъвою далелҳои манзуркардаашон пой дар ҳавою  ғайри қобили қабуланд.  Умдатан,  ҷомеаи мо ба алфози қабеҳу туҳмату буҳтони ин гурӯҳи манфуру нухбагони сиёсатмадорони давлатҳои хориҷӣ одат кардааст ва  ҳарчанд онҳо  «садо баланд  мекунанд», ҳамон қадар шинохти миллат ва давлати мо алорағми мақсадҳои хоинонаи онҳо  дар дунё  зиёда мегардад.

Бинобар ин, ҳар яки моро месазад, ки ба бархурди ғосибонаи онҳо аз рӯи ақлу фаҳмиш ва дарки баланди масъулияти давлатдорию давлатсозӣ муносибат намуда, бобати пешгирии таниши фикрӣ ва оромию осудагии тамоми мардуми кишварамон пайваста дар талош бошем. Зеро як хатои сиёсӣ метавонад ҷомеаро ба сӯи нобудӣ раҳнамун созад!

Дар кори давлатдорию давлатсозӣ ва баланд бардоштани ҳуввият ва худшиносии миллӣ бояд тамоми кишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҳавасманду мусоидаткунанда бошем. Зеро душмани дар камин ҳамеша пайти муносиб барои ҳамлавар шудан ва таблиғи сиёсати дурӯғини нухбагони хориҷии худ аст.

Беҳтарин василаи оромию осудагии мамлакат ин сарҷамъ будан дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки моро ба сӯи ояндаи дурахшон  раҳнамун месозад. Месазад иброз дошт, ки имрӯз сокинони ватандӯсту саховатманди Тоҷикистон ҳамагӣ дар самти эъмори давлати мутамаддин пайи кору пайкоранд ва беҳуда ҳарзагӯиро дар масири роҳи нобудӣ қабул надоранд. Зеро ҳар лаҳзаи вақт барои мардуми мо арзиши хеле баланд дорад ва саргардон шудан ба муколаммаи бардурӯғу дур аз ҳақиқати мухолифин дигар барои мардуми кишвар қабул нест. Ҷойи ин сафсатахонӣ ва гирифтани вақти қиммати сокинон гӯшае аз Ватанро обод кардан ҳазорҳо маротиба аз саргардон шудан ба шунидану асабхарошии алфози қабеҳи аъзои паймони ғайримиллӣ болост. Алорағми ҳама бадхоҳии ин бадбинони миллат Тоҷикистони мо дар ҳама самтҳо пеш меравад ва мо сокинон аз пешравиҳо шукргузор ва барои оромию осоиштагии мамлакат тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод.

 

 

Зарифзода Почохон   Ҳабибулло, раиси  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg