БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ ВА МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз санаи 16 сентябри соли равон дар пойтахти Лаҳистони шаҳри Варшава Конфронси солонаи созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доири арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар баргузор гардид.  Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷараёни суханрониҳои роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои мухофилати тоҷик, ки мутассифона дар нишасти мазкур иштирок доранд ва бо иштироки худ номи миллат ва Ватани маҳбуби моро доғдор менамоянд, тамошо карда нафрат нисбати чунин гурӯҳҳо дучанд шуд. Агар бо диққат андешарониҳои ҳар яке аз аъзои гурӯҳҳои мухолифатро назар кунем паси ҳар як ҷумла мақсаду маромҳои нопок дар миён гузошта шудааст. Дар яке аз мусоҳибаи рӯ ба рӯи рӯзноманигорон бо Шарофиддин Гадоев бараъло маълум аст, ки чи гуна ба соволҳои пай дар пайи рӯзномагигорон худро гум карда, посухҳои бемантиқона медиҳад, ё ин, ки норозигии худро нисбати сиёсати хирадмандонаву пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён медорад ва доимо аз камбудиву норасогиҳои давлат сухан мегӯяд. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои начандон гузашта, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, саршор аз даҳшат буду ваҳшоният маҳз фитнаҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро, террористӣ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ҳазорҳо нафар сокинони кишвар ҳалок ва ҳазорон нафари дигар фирорӣ шуданду қариб буд миллати тоҷик рӯ ба нестӣ оварда, давлат аз байн мерафт.  Дар ин майдони ҷангу муҳориба ҷон ба каф гирифта, баҳри хомӯш намудани ҷанги сарди ба сари мардум омада ва пойдории Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ба ҷузъ марди ҷасур ба мисли Пешвои миллат касеро надидем.

Сиёсати хирадмандонаи як роҳбари оқилу сулҳпарвар буд, ки дубора миллат сарҷамъ ва Ваҳдати миллиро пойдор намуд. Дар яке аз вохӯриҳо бо рӯзноманигорон Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда,  ӯро гироми доред. Бадбахтии миллати мо –афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем». Пас мебояд гуфт, ки  хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба як сиёсатмадор ва  шаҳрванди ҷумҳурии дигар аён бошаду қадрдонӣ намояд, ҳайф бар он ҳамзабону ҳамватане, ки ин ҳамаро нодида мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳама вохӯриҳояшон ба ҷавонон рӯ оварда пайваста таъкид менамоянд, ки “Зиракиву ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод” Пас мо ҷавононро зарур аст доимо омода бошем. Ва ҳар ҷое, ки бошем пеш аз ҳама ҳисси миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло, дӯст доштани Ватан-Модар ва ҳимояи марзу буми онро дар ҷои аввал монемем ва нагузорем ҳар гуна гурӯҳҳои характери террористидошта барои расидан ба мақсадҳои фассоди худ давлати ободу ороми моро халалдор намояд.

Сулаймонова Лола, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg