БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: МО БУНЁДКОРУ СОЗАНДАЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии  “Сайроб”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ   гузаронида шуд.

 Раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба  фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ дар назди ҷамъомадагон баромад карда, афзуд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар давраи фаъолияти хеш дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона  иштирок намуда, дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ ва сиёсати давлату  Ҳукумати Тоҷикистон саҳми назаррас гузошт. Дар оянда низ дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизбро сармашқи кори худ қарор дода, дар баргузории  маъракаҳои муҳими сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавиии ҲХДТ ҳиссагузор хоҳад шуд.

Сипас,  роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва инчунин, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сухан гуфта, саҳми аъзои  ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ намуд.

Дар охир бо дастгирии ҷамъомадагон раиси ташкилоти ибтидоӣ интиъхоб ва шахси арзанда ба вакилии конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg