БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИАМОНРО ДАР АМАЛ СОБИТ МЕКУНЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии намояндагони ҳизбӣ дар  ташкилоти ибтидоии “Офтобрӯя”-и ноҳияи Темурмалик   баргузор гардид.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ноҳявии ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз-ба  истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳои арзанда ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Дар идома,  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир шуда, дар он ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилот муҳокима гашта, интихоби  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ,   пешбарии  вакилон  ба  конференсияи  ҳизбӣ   баррасӣ гардиданд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии сокинон  ба сохтмони  обанбор  барои оби  нӯшокӣ бо  ғунҷоиши  40 м3   оғоз    карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg