ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба сокинон расониди моҳияи хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад дар ташкилоти ибтидоии «Баҳор» -и шаҳри Левакант вохӯрӣ доир гардид.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки аслан ҳар як суханронӣ, ё иқдому ташаббусе, ки Пешвои миллат анҷом медиҳанд, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона дорад. Ватандӯстӣ низ дар татбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи Ватан зоҳир мегардад.
Бояд дар хотир дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми он аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, моро месазад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии он маншаъ мегирад, иброз доштанд баромадкунандагон.
Таъкид шуд, ки бояд ба ҷавонон ин нукта фаҳмонида шавад, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.