ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бӯстон”-и деҳаи Қизилнишони Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис аз фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ натиҷагирӣ карда шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва шахси арзанда ба вакилии Конференсияи ноҳиявӣ интихоб ва пешбарӣ гардида, ба ҳамагон ҷиҳати шаффофу демократӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
Инчунин, намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан карда, иштирокдоронро ба созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.