БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хуррамдеҳ»-и ноҳияи Балҷувон вохӯрӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинӣ рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид шуд, ки барои интихоботи навбатӣ омодагии ҳамаҷониба дида, шахсони арзандаро пешбарӣ ва интихоб намоем то ин, ки онҳо дар оянда барои халқу Ватани хеш содиқона хизмат намоянд.