БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО АМАЛЕ МЕКУНЕМ, КИ ИБРАТБАХШ БОШАД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Дар муассисаи таълимии №29-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва  аъзои ташкилоти ибтидоии «Ватан»  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

          Масъулони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар бораи татбиқи қисмати амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», оид ба дастигирии оилаҳои камбизоат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, оид ба адо намудани қарзи фарзандии ҷавонписарон – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёри ба пешвозгирии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъракаи сиёсии дар пеш истодаи  интихоботи соли 2020 ва дигар масъалаҳои муҳим  баромад карданд.

         Инчунин дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  аъзои ташкилот ва ҷонибдорони ҳизб дар ин деҳа ба оилаи ниёзманд   маводи хӯрока кумак расониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg