БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОСОИШТАГӢ ГАНҶИ ҚИМАТ АСТ, БОЯД ҲИФЗАШ НАМОЕМ!

ҶайҲун: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ оиди ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки корманди масъули  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  баргузор гардид.

Намояндаи кумитаи иҷроия зимни суҳбат аз шоммилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ кард ва сабаби асосии чунин ҳолатҳоро дар бесаводии онҳо донист. 

Иброз дошт, ки бояд шукргузори аз соҳибистиқлолӣ, аз доштани чунин Ватани тинҷу осударо намоем, ки  дар он  хурсандона кору зиндагӣ дорем. Дар тули  соҳибистиқлолӣ  Тоҷикистонро ҷаҳониён ба расмият мешиносанд ва Сарвари он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарони давлатҳои дунё ҳамчун як роҳбари фаъол эътироф карданд. 

Ҳамчунин дар ташкилоти мазкур маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии болозикр вобаста ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ муфассал баромад карда, раиси ташкилот аз нав интихоб шуд. Дар идома масъалаи пешбарии вакил ба Конференсияи 28-уми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун муҳокима гашта, бо овоздиҳии якдилонаи аъзои ташкилот вакил ба конференсияи ноҳиявӣ интихоб шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg