
Н.ХУСРАВ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии мањаллаи “Корвон”-и Ҷамоати дењоти Наврўзи ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Дар баргузори маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро фаҳмонида, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоиро дар ин самт муайяну мушаххас намуданд ва барои дар сатҳи баланди сиёсӣ, шаффофу демократӣ баргузор намудан аз ҳоло замина гузоштанро муҳимтарин вазифаҳои ҳизбиён донистанд.