БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ХАЛҚ МАҚСАДИ МОСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии АСИН-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.

     Зимни баромад мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қайд кард, ки  аз ҷониби Ҳукумат барои баланд бардоштани музди кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақа дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ чораҷӯи карда шавад.

     Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии АСИН оиди фаъолияти ташкилот аз моҳи майи соли 2017 то инҷониб ҳисобот дод.

     Аъзо раиси ташкилоти ибтидоӣ ва вакили конференсияи ноҳиявии ҳизбиро интихоб ва пешбарӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg