
Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав семенар-машварати ҳизбӣ оид ба амалигардонии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Маҷлиси КИМ ҲХДТ бермеояд, баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Наимов Маҳмудулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ва И.в. раиси ноҳия Нишонзода Даврон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан аз ҷониби масъулин оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбӣ дар рафти омодагӣ ва баргузории инихоботњои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани корҳои таблиғотӣ ва мақсаднок баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқоти суханронӣ карданд. Дар он қайд гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҳар як аъзои он дар омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолияти минбаъдаи худро бо назардошти омилҳои вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони муосир, авзои сиёсӣ, мушкилотҳои ҷойдоштаи ҳудуди қитъаҳои интихоботӣ, иҷрои талаботи хоси интихобкунандагон мувофиқ сохта ва роҳу усулҳои нави таблиғотиро истифода барад.
Сохторҳои ҳизбӣ дар маҳал корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида, ҳалли масъалаҳои мавҷударо дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба роҳ монда, эътиқоду боварии халқро нисбати ҲХДТ бештар намоянд.
Сипас, семенар- машваратро роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҷаъмбаст намуда, иброз дошт, ки аъзо ва ҷонибдорони бо нангу ори ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо эҳсоси баланди ватандорӣ мекӯшанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро амалї намоянд.