БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР- МАШВАРАТ ДАР МУКАММАЛ ГАРДИДАНИ ДОНИШИ СИЁСИИ ҲИЗБИЁН МУСОИДАТИ ФАЪОЛ МЕНАМОЯД

ҚУБОДИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 27 сентябри соли 2019 дар Маљлиси КИМ ҲХДТ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дода буданд семинар-машварати ҳизбӣ доир карда шуд.

Семинар-машваратро Маҳмадаюб Шарифзода оғоз намуда, Наимов Маҳмадулло мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ,   Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Қубодиён  Файзуллозода Зафар баҳри  боло бурдани донишҳои сиёсии ҳизбиён,  дар бораи фаъолона иштирок доштан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ андешаронӣ карданд. Ҷамъомадагонро барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсї, барои тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар байни ҷомеа раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg