БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ ОБОДИСТ! ИСРОФИ ОБ ҲАРОМ АСТ!

Ҳамадонӣ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Обу ташноб-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.

     Зимни баромад раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур қайд кард, ки бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти  аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Ҳукумати  Тоҷикистон дар ҳамкори бо шарикони рушд тадбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз кардааст, ки 50%-и онҳо то имрӯз амали гашта истодаанд, иброз дошт раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур.

     Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот аз   моҳи майи соли 2017 то инҷониб ҳисобот дод.

    Аъзо якдилона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро интихоб ва вакили конференсияи ноҳиявиро пешбарӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg