
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Ватан» мулоқот доштанд.
Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия назди ҳозирин баромада карда, ёдовар шуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2019 соли «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади тараққӣ додани соҳаҳои мухталиф дар деҳот ва инчунин, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Аз иштирокдорон даъват карда шуд, ки дар баргузории корҳои ободонии маҳал, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ –интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ фаъол бошанд.