
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулобод»-и Ҷамоати деҳоти Ватан вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин зарурат ва аҳамияти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро шарҳ дододанд.
Сипас, нотиқон роҷеъ ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, сари вақт кишт кардани маҳсулоти ғалладонагӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию хӯрамгардонӣ сухан гуфтанд.