БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕТАРАФ НАБУДАН ШИОРИ МОСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва вакилони мардумӣ дар толори муассисаи таълимии №8-и ноҳияи Панҷ бо фаъолон  ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Сурхоб мулоқот баргузор гардид. Зимни суханронӣ намояндагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  ва маъракаи муҳими дарпешистода интихоботи парламонӣ ибрози назар карданд. Хотиррасон шуданд, ки интихоботи вакилон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, иштирок дар  он ба ҳаёти кишвар бетараф набуданро нишон медиҳад.

Зимнан, қайд шуд, ки Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ шуда, ба ҳадафҳои олии ҳизб  созгор мебошад ва  барои беҳтар гардидани шароити зиндагонии сокинони деҳот равона шудааст.

Дар қисмати охири мулоқот дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо қувваи сокинон ва фаъолони маҳал роҳи деҳа сангфарш карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg