БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДИИ МАҲАЛ ВА ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МУВАЗЗАФЕМ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Лангар-2”-и шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир карда шуд.

Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, аз ҷониби аъзои ташкилот раиси ташкилот аз нав интихоб гашт. Дар ин баробар ба конференсияи XV-уми ҲХДТ дар шаҳри Норак вакил пешбарӣ  гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб зимни вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, алалхусус пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  ба дарки ҳамагон расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ки мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад ибрози назар карда, қайд доштанд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар қисмҳои низомии мамлакат шароити хубу замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷониби масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар доираи солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамагон барои ободии маҳал ва рушди ҳунарҳоми марумӣ дар деҳот саҳмгузор бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg