![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20191009_115406_0.jpg?itok=b9hg9Q13)
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шулулу»-и Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод доир ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулин қайд карданд, ки имрӯзҳо дар ноҳия омодагиҳо барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром идома дорад. Дар ин раванд бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳо, кабудизоркунии назди бино, деҳаву маҳалаҳо ва бунёди дигар иншооти ҷашнӣ мароми тоза дошта ба симои ноҳия ҳусни дигар зам месозанд, ки ин ҳама аз маърифати баланди сокинон шаҳодат медиҳад.
Сипас дар идома, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.