
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад”-и шаҳри Кӯлоб бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии диёр тариқи роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” синфхонаҳо ва толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-ро таъмир карда, барои таҳсили хонандагон шароити хуб фароҳам оварданд.
Корҳои созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар шаҳри Кӯлоб бо маром идома дошта, аъзо ва ҷонибодрони ҲХДТ саҳми худро дар ободии маҳал гузошта истодаанд.