БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛЕРО ПЕША МЕКУНЕМ, КИ ИБРАТБАХШ БОШАД!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади  баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизби ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Меҳтар”-и Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара  хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба таъкид ва вазифагузориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон,  тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, гирифтани донишҳои пешрафта, татбиқи модели мутахассиси замони нав аз нигоҳи талаботи бозори озоди меҳнат, чорабиниҳо дар доираи омодагӣ ба зимистони дар пешистода,  ибрози назар намуданд.

Инчунин, дар идома маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида, раиси ташкилот аз нав интихоб гашт ва вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg