ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар деӽаи Арали Ҷамоати деӽоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар баромади худ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вобаста ба қонунҳои Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумла қайд доштанд, ки риоия талаботи қонунҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди бофарҳангу ватандӯст буда, месазад дар доираи қонун насли наврасро тарбия кунем ва дар баргузории тӯю маъракаҳо ба қонуншиканӣ роҳ надиҳем.
Сипас, атрофи дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбати судманд доир гашта, аз ҷониби масъулин ба ба суолҳои сокинон ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд.