Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баданд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷаҳонгир”-и Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва ҳамзамон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида , раиси ташкилот аз нав интихоб гашт ва вакил ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.
Масъулин дар баромадашон қайд намуданд, ки мо дар ҳалли масъалаҳои ҳалталаби иҷтитмоӣ ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бояд фаъол бошем, зеро эътимоду боварии мардум ба ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор хеле бузург аст.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.