БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕТАРАФӢ ОДАТИ МО НЕСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Кӯҳсор”-и Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис  масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан дар бораи баланд бардоштани донишҳои сиёсию маънавии ҷавонон ба хотири пешгирии шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, таъкид  карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри пойдории сулҳу субот, Ваҳдату ягонагӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бояд ҳамагон кӯшиш намоем.                                        

Дар анҷоми вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гашта, шахсони арзанда ба вакилии конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg