БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО СОЗАНДА ВА БУНЁДГАРЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зарбахш”-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хотири омодагӣ ба истиқболи санаи муҳими таърихӣ, 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби сокинон, алалхусус соҳибкорони маҳаллӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Дар доираи чунин ободкориҳо роҳи дохилии маҳаллаи Мичурини ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур таъмир карда шуд.

Пас аз анҷоми Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар назди сокинон оид ба ҳадафҳои созандаи ҳизб сухан гуфта, барои дастгирӣ ба саҳмдорон изҳори миннатдорӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg